Моҳи июн Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 31.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Якшанбе дуюми моҳи июн дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе баргузории Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас ва намоишу фурӯши он дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Масъулини баргузории ин Фестивал вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг, кумитаҳои кор бо занон ва оила, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Палатаи савдо ва саноат, Иттифоқи ҳунармандон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мебошанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар корхонаи ҶДММ «Атласи Хуҷанд», зиёда аз 50 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки машҳуртарини онҳо бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Туҳфа», «Тӯёна», «Муҳаббат», «Тирукамон», «Гулханд», «Хосиятхон» ва дигарҳо номгузорӣ шудаанд.
Мавриди тазаккур аст, ки атласу адрас маҳсули меҳнати дастӣ, чун воситаи муҳими эстетикию ороишӣ, зебоипарастӣ ва завқи бадеии мардум бо зиндагӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми тоҷик дар Шоҳроҳи Абрешим аз Шарқ то ба Ғарб дар давоми ҳазорсолаҳо бо матоъҳои атласу адраси худ маъруф буд. Матоъҳои нафису тааҷубовар ва нақшу нигор намудаи миллати тоҷик дар бозорҳои мамолики Шарқу Ғарб серхаридор буданд.
Тарзи тайёр ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас басо куҳан буда, пайдоиши ин матоъҳо аз анъанаҳои бофандагии халқи тоҷик сарчашма мегирад. Матоъҳои атласу адрас рангаю сернақшу нигор буда, аз рӯзи пайдоиш то замони муосир мавқеи хоси худро гум накардаанд ва дар байни газворҳои дигар матои атлас ҳамчун «шоҳи матоъҳо» эътироф гардидааст.
АКС аз бойгонӣ








Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид






