ОФАРИН! Донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фотима Холова дар Ҷоми ҷаҳон оид ба кикбоксинг ҷойи дуюмро сазовор шуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯйи курси якуми факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фотима Холова дар Ҷоми ҷаҳон оид ба кикбоксинг сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба кикбоксинг аз 12 то 15 май дар шаҳри Истанбули Туркия доир шуд. Дар он донишҷӯйи шуъбаи фосилавии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ Зуҳро Холова ҳамчун иштирокчии фаъол дониста шуд.
Дар мусобиқаи мазкур 3536 бозингар аз 77 клуби варзишии 42 давлати дунё иштирок намуд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод






