Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский сазовори «Шоҳҷоиза»-и Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» гардид

Май 4, 2023 21:10

ДУШАНБЕ, 04.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» доир гардид. Дар он «Шоҳҷоиза»-и озмун ба Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ба намоиши «Мастер ва Маргарита» аз рӯи асари Михаил Булгаков дар таҳияи Хуршед Мустафоев дода шуд.

Дар номинаи намоиши беҳтарин намоиши «Пораабри сафеди Чингизхон»-и Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯи асари Чингиз Айтматов дар таҳияи Суҳроб Усмонов сазовори ҷойи якум гардид. Ҷойи дуюм ба намоиши «Зол ва Рудоба»-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода дода шуд. Ҷойи сеюм насиби Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «Савдо» дар таҳияи Умед Хусравов гардид.

Дар маросими ҷамъбасти Фестивал-озмун Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ ва аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат иштирок намуданд.

Аҳли театри ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ дод, ки дар инъикоси вазъи иҷтимоии ҷомеа ва маънавиёти мардум саҳм гузорад. Бо саҳнаҳои ҷолиби диққат ва бозгӯкунандаи рӯзгори мардум аҳли ҷомеаро бояд ба ин макон боз ҳам бештар ҷалб намоянд.

Таъкид карда шуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон театрҳои касбии мамлакат ба комёбиҳои назаррас ноил шуданд.

Дар маросим иброз дошта шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар мамлакат барои пешрафти санъати театрии касбӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Қабул гардидани «Қонун дар бораи фарҳанг» (соли 1997) ва «Қонун дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» (соли 2002) дар ин раванд, бешак, нақши муассир гузошт.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду театри касбӣ — Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара (соли  2003) ва Театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд (соли 2004) ба  фаъолият оғоз намуд.

Фестивали имсола ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Хушназар Майбалиев коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ  буда, зиёда аз панҷоҳ спектакл, аз қабили «Дӯсти дӯст», «Захми забон», «Фарёди ишқ», «Беватан», «Ибтидо»,  «Машварат», «Писари калонӣ», «Ваня тағо», «Антигона», «Муфаттиш», «Дод аз дасти ақл» ва ғайраро рӯи саҳна оварда, дар беҳбуд ва равнақи санъати театри тоҷик ҳиссаи назаррас гузоштааст.

Ӯ дар ҷодаи коргардонӣ аз василаҳои гуногун истифода бурда, барои ноил шудан ба мақсади ниҳоӣ ҳеч гоҳ тан ба фароғат намедод. Бо дигар театрҳои касбии ҷумҳурӣ ҳамеша дар робитаи эҷодӣ қарор дошт ва донишу таҷрибаашро ба ҷавонони навкор ёд медод.

Мавриди тазаккур аст, ки Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

 

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Май 4, 2023 21:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад