«ПАРАСТУ-2023». Дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ спектакли «Катан» намоиш дода шуд

Май 3, 2023 16:53

ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов спектакли «Катан»-и ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоиш дода шуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Намоиши «Катан»-и Файзи Ашӯр дар асоси асари таърихӣ аз ҷониби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Мирзоватан Миров таҳия гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки спектакл дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» намоиш дода шуд.

Соли равон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 3, 2023 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид