Петр Сегрт ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаи «СAFA Nations Cup 2023» эълон намуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати мунтахабро барои мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023», ки аз 10 то 20 июн таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, эълон намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои омодагӣ ва иштирок дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 26 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил шуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пагоҳ, 29 май дар Душанбе омодагиро ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023» оғоз мекунад. 31 май тими миллии мо ба шаҳри Тошканд сафар карда, онҷо ҷамъомади тамринӣ мегузаронад.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Узбекистон (17 июн) рақобат менамояд.
Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон барои мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023»:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Аҳтам Назаров («Андиҷон», Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Насаф», Узбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Хусрав Тоиров («Шахтёр», Украина), Муродалӣ Акназаров («Анталяспор», Туркия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз «Истиқлол»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






