Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи махсуси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуд

Май 16, 2023 14:06

ДУШАНБЕ, 16.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати парлумонӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи махсуси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 100-солагии пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар шаҳри Боку иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Маҳмадтоир Зокирзода ба Раиси парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафорова барои даъват ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ изҳори сипос намуда, тазаккур дод, ки Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории таърихӣ бо Озарбойҷонро, ки бар эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ менамояд.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро ба Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки натиҷаҳои он дар солномаи муосири муносибатҳои байни ду давлат саҳифаи нав кушод.

Изҳори итминон карда шуд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ минбаъд низ ба нафъи халқҳои ду давлат рушду таҳким меёбанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 16, 2023 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад