Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода аз шаҳрҳои Боку ва Минск боздид менамояд

Май 15, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати парлумонии мамлакат таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Сагиба Гафарова барои иштирок дар ҷаласаи махсуси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 100-солагии Гайдар Алиев ба шаҳри Боку сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласаи махсуси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон 16 май баргузор мешавад.

Ҳамчунин Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Вячеслав Володин дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмон, ки 18 май дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус доир мегардад, иштирок менамояд.

Ба ҳайат ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода шомил мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Май 15, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд
Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад