Роҳбари СУТ ба итмом расидани ҳолати фавқулодаро оид ба бемории сурхакони маймун эълон кард

Май 14, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.   Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейесус ба итмом расидани ҳолати фавқулодаро дар ҷаҳон оид ба бемории mpox («эмпокс», номи нави бемории сурхакони маймун) эълон кард. Рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотӣ дар Женева суханронӣ намуда, ӯ ин тасмимро ба коҳиши назарраси шумораи бемориҳо дар муқоиса бо моҳи июли соли 2022, ҳангоме, ки ҳолати фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шуд, рабт дод. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ»  бо истинод ба ТАСС хабар додаст.

Ӯ таъкид кард, ки дар се моҳи охир дар бораи тақрибан 90% камтар шудани гирифторони бемории mpox нисбат ба се моҳи қаблӣ маълумот расидааст.

Дар маҷмуъ ба СУТ аз 111 кишвари ҷаҳон маълумот оид ба беш аз 87 000 ҳодисаи сирояти mpox ва 140 фавт расидааст.

Роҳбари СУТ таъкид кард, ки эълони ба итмом расидани ҳолати фавқулодаи mpox ба монанди COVID-19 ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро  надорад, ки «кор ба анҷом расидааст». «Бемории mpox вуҷуд доштани хатари назаррасро барои тандурустии ҷамъиятӣ идома медиҳад, ки он вокуниши қавӣ, фаъол ва устуворро талаб менамояд»,- баён намуд ӯ.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 14, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад