Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо фаъолияти корхонаи дӯзандагӣ шинос шуд

Май 19, 2023 18:34

ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 май роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе бо ҷараёни фаъолияти корхонае, ки дар он омоданамоии сару либоси низомӣ ба роҳ монда шудааст, шинос гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба вазорати номбурда.

Зимни шиносоӣ иброз гардид, ки фаъолияти ин корхона асосан ба  таъмин намудани  ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сару либоси низомӣ ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон, хусусан занон равона карда шудааст.

Корхона дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои истеҳсоли либоси низомӣ буда, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки ин корхона соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар айни замон дар корхона 102 зану духтар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидааст. Илова бар ин, кормандон ҳамарӯза бо хӯроки нисфирӯзии ройгон таъмин мешаванд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2023 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид