Робитаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон ва Туркманистон дар шинохти комил ва муаррифии ҳамаҷонибаи халқҳои ҳар ду давлат саҳми арзанда мегузорад

Май 14, 2023 09:29

ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Робитаҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Туркманистон дар тамоми самтҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф чун пештара барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чун самти афзалиятнок боқӣ мемонад. Зеро халқҳои тоҷику туркман аз қадимулайём ба ҳамдигар наздикӣ дошта, дорои мероси бойи фарҳангиву адабӣ ҳастанд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Чунин ибрози назар намудааст мудири шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Некбахт Дороншоева.

— Оид ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар китоби «Родники дружбы»-и Акбаршо Искандаров чунин ишора гардидааст: «Ба ақидаи муаррих, доктори илмҳо, археологи машҳури Туркманистон Хемра Юсупов, халқҳои мо аз чандин ҷиҳат наздик мебошанд. Дар замони қадимтарин ва асрҳои миёна дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар қаламрави Туркманистони ҳозира даҳҳо қабилаҳои эронизабон ва халқияти дигар иқомат дошт. Дар давраҳои гуногун дар ин ҷо эрониҳо, гургониҳо, портиҳо, суғдиҳо, бохтариҳо, массагетҳо, дохоиҳо ва ғайра зиндагӣ мекарданд ва ба этногенез ё пайдоиши халқиятҳои имрȳзаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷику туркман таъсири бузург расонидаанд».

Ба ҳамагон маълум аст, ки Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ 10-11 май дар Тоҷикистон қарор дошт. Пӯшида нест, ки Сердар Бердимуҳамедов аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ баён намуда буд, ки сиёсати имрӯзаи давлати худро, пеш аз ҳама, бо давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳри таҳкими муносибатҳои сиёсӣ ва дар заминаи он мустаҳкам намудани муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангии байни миллатҳо равона хоҳад кард.

Агар ба масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон таваҷҷуҳ зоҳир намоем, дар 30 сол асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи ду мамлакатро зиёда аз 110 санад ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, фарҳанг, илм, маориф ва дигар соҳаҳо буда, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.

Бояд гуфт, ки барои кормандони соҳаи илм робитаи илмӣ байни муассисаҳои академикии Тоҷикистон ва Туркманистон аҳамияти хосса дорад. 4 октябри соли 2007 дар шаҳри Ашқобод Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкории илмӣ-техникӣ ба имзо расида буд ва дар асоси ин созишнома аз 22-24 августи соли 2012 Аҳднома дар бораи ҳамкории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон ба имзо расид.

Дар чорчӯбаи санадҳои мазкур байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ду мамлакат гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки 8 марти соли равон дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон дар мавзуи «Рушди ҳамкории илмию техникӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркманистон: мушкилот ва дурнамо» ҳамоиш баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Президенти Академияи илмҳои Туркманистон Аллабердӣ Аширов вобаста ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории илмию техникии Туркманистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои илмии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар карданд.

Дар ҳамоиш роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Туркманистон, директорони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон ва олимону муҳаққиқон аз ҳар ду ҷониб сухан гуфта, вобаста ба фаъолият, дастовардҳо, вазъу дурнамо, ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳа ва таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба табодули андеша намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории илмию фарҳангӣ ва маорифи Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар чаҳорчӯби созишномаҳои бо мақсади табодули таҷриба дар баргузории вохӯриҳои муштарак, конференсияҳо, гузаронидани таҷрибаомӯзии муаллимон дар мактабҳои олӣ, нашр ва тарҷимаи адабиёти илмӣ ва илмию методӣ ба имзорасида мебошад.

Ҳамчунон бояд иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар қавму миллатҳо туркманҳо низ умр ба сар мебаранд, хусусан дар ноҳияҳои Ҷиликӯл ва Қубодиён. Дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои мактаби таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон (5-6 майи соли 2014, ш. Душанбе) ба имзо расида буд. Чандин мактабҳои таҳсилоти миёна ба забони туркманӣ сохта, онҳоро бо китобҳои дарсӣ ба забонӣ туркманӣ таъмин кардаанд. Баъди хатми ин мактаб онҳо метавонанд дар мактабҳои олии ду мамлакат таҳсил намоянд.

Дар асоси созишномаи байни Вазорати маорифи ду мамлакат шаҳрвандони Туркманистон омада, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олӣ таҳсил карда метавонанд. Ва чӣ хеле ки мо шоҳид ҳастем, донишҷӯёни Туркманистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва дигар макотиби ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд. Донишҷӯёни туркман бештар аз рӯи ихтисосҳои филологияи рус ва англисӣ, чинӣ, омӯзгорӣ, фарҳангшиносӣ, ихтисосҳои тиббӣ ва дигар ихтисосҳо ба таври шартномавӣ ва буҷавӣ таҳсил менамоянд.

Донишҷӯёни Тоҷикистон дар соҳаи муҳандисӣ ва нафту газ дар Донишгоҳи нафту гази Туркманистон таҳсил мекунанд.

Хулоса, раванди ҳамгироӣ дар бобати такомули баъдии муносибатҳои мутақобилан муфид байни Тоҷикистон ва Туркманистон бо мувафаққият идома дорад. Дар ин замина самти робитаҳои илмию фарҳангӣ мақоми махсус касб намуда, дар шинохти комил ва муаррифии ҳамаҷонибаи халқҳои ҳар ду мамлакат саҳми арзанда мегузорад.

Қобили тазаккур аст, ки роҳбарияти сиёсии ду мамлакат барои таъмини амнияти саросарӣ ва рушди устувори давлатҳо мавқеи ягона ва ҳамдигарфаҳмии комил дорад, ки дар ниҳояти кор ба боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи ҳамкории мухталиф байни Тоҷикистон ва Туркманистон мусоидат менамояд.

Некбахт ДОРОНШОЕВА,
мудири шуъбаи Осиёи Марказии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 14, 2023 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид