Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуданд
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 май дар шаҳри Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дубора ба муддати чаҳор соли нав президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Рустами Эмомалӣ пас аз дубора интихоб шуданаш ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба роҳбарони федератсияҳои футболи аъзои CAFA барои боварӣ изҳори сипос карда, зикр намуданд, ки бо саъю кӯшиши якҷоя рушди футбол дар минтақа идома хоҳад ёфт.
Дар Конгресси имрӯза президенти Федератсияи футболи Туркманистон Арслан Айназаров ва президенти Федератсияи футболи Афғонистон Муҳаммад Юсуф Коргар ноибони президенти CAFA интихоб шуданд.
Дабири кулли Федератсияи футболи Эрон Ҳидоят Мумбенӣ ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи CAFA ворид шуда, ноиби раиси Иттиҳодияи футболи Қирғизистон Достонбек Конокбоев узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё аз Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ гардид.


Дар Конгресси CAFA дар Душанбе президенти ФИФА Ҷанни Инфантино, президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, роҳбарону вакилони федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон, инчунин намояндагони ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё ширкат намуданд.
Дар суханронии худ президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва раиси КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро ба муносибати дубора ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуданаш табрик гуфта, ба ӯ дар рушди футбол дар минтақа комёбиҳо таманно карданд. Роҳбарони футболи ҷаҳонӣ ва осиёӣ ба кори CAFA, ки дар давраи пандемия барои дастаҳои мунтахаби минтақаи Осиёи Марказӣ даҳҳо мусобиқа доир намуд, баҳои баланд додан два он мусобиқаҳоро марҳилаи хуби омодагии дастаҳои мунтахаб ба чемпионатҳои осиёӣ ва ҷаҳонӣ донистанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






