Рустами Эмомалӣ ва Ҷанни Инфантино аз раванди корҳои сохтмонии маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзоб дидан намуданд

Май 3, 2023 13:42

ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президентҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино аз ҷараёни корҳои сохтмонии маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дидан карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, дар километри 40-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бунёд шуда, ҳамчун макони тамринии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Маркази техникии ФФТ аз меҳмонхона, маркази тиббӣ, майдонҳои тамринӣ бо сабзаи табиӣ ва сунъӣ, майдони футзали болопӯшида ва ғайра иборат аст.

Дар маркази техникии бунёдшаванда президенти ФИФА Ҷанни Инфантино бо бозигарону мураббиёни дастаи миллии Тоҷикистон ва кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот кард.

Ба президенти ФИФА пироҳани дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон таҳти рақами 9 туҳфа гардид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 3, 2023 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад