Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд

Май 17, 2023 10:32

ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Андрис Америкс мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати дарҳои кушода ҳамкории неку дӯстонаро бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ба роҳ мондааст.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҷаласаҳои ҳамасолаи Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ заминагузори самараноки муколамаи созандаи ҳар ду ҷониб ба ҳисоб рафта, Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аз соли 2004 асоси бунёдии муносибати тарафайн дониста мешавад.

Дар мулоқот ҳамчунин  ба ҳамкории судманди дуҷониба дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, бартарафсозии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, обу экология, иқтисоду сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва тақвияти ҳамгироӣ дар ин соҳаҳо ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2023 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид