Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Май 25, 2023 17:23

ДУШАНБЕ, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Шумо, Ҷаноби Президент, миёни мо, сарварони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муноибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошанд», — бо ҳамин Сухани рӯз аз Си Ҷинпин – Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (№106-107, 22 май) пешкаши хонандагон шудааст.

«Вақте Сарвар ҷавонпарвар аст…»

Дар саҳифаи аввали шумораи мазкур гузориши муфассал оид ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ширкатҳои соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин ва гузориш доир ба дави миллӣ, инчунин хабарҳои муҳими сиёсӣ нашр шудаанд.

Мақолаи «Тағйирёбии иқлим. Муттаҳидӣ ба хотири ҳалли мушкилоти обу иқлим» аз рафти Конфронси 5-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки давоми ду рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид,  нақл мекунад. Саҳифаи фарҳангӣ-фароғатии «Шоми шанбе» хабарҳои ҷолибро пешкаши хонандагон кардааст.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (№108, аз 23 май) матни Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил карда мешавад, чоп шудааст.

«Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, амалӣ гардонидани тадбирҳои заруриро ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо то ба имрӯз идома дода истодааст. Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба зиндагиву фаъолияти ин сершумортарин қишри иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд», — омадааст дар Паёми шодбошии Пешвои миллат ба ҷавонони мамлакат.

Дар идомаи мавзӯъ таҳти сарлавҳаи «Вақте Сарвар ҷавонпарвар аст…» мақолаи журналисти нашрия чоп шудааст.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (№109, аз 24 май) оид ба сафари кории Президенти мамлакат ба шаҳри Турсунзода гузориши муфассали расмӣ ва дигар хабарҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат чоп  гардидааст.

              «Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин» ба «Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ» иваз мешавад

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (№68, аз 22 май) оид ба баргузор шудани ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода хабар нашр кардааст. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нефт ва газ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳи­мояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, баъд аз шарҳу тавзеҳи онҳо аз ҷониби раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло ва оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода  ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд. Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.

Мақолаҳо таҳти сарлавҳаҳои  «Бунёдкорӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва пешсафӣ», «Панҷ таъкиди Президент – роҳнамои ҷавонон», «Ҷавонон – неруи созандаи Ватан», ки дар нашрияи «Садои мардум» ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуда, аз дастовардҳои ин насли ояндасоз ва ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба онҳо нақл мекунанд.

Дар шумораи навбатии «Садои мардум» (№69 аз 24 май) гузориш аз рафти ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум пешниҳоди хонандагон шудааст. Бояд гуфт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Қосимӣ Файзулло ва Ахмедов Мирзоанвар бо мақсади такмили асосҳо ва механизмҳои муқаррарнамудаи ҳуқуқи истифодаи замин, вобаста ба меъёрҳои муқарраргардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» таҳия ва пешниҳод шудааст. То мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар китоби бақайдгирии замин ба қайди давлатӣ гирифта мешуд. Пас аз мавриди амал қарор гирифтан, тибқи талаботи моддаи 8 ҳамин қонун ва моддаи 139 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои ба он вобаста дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, тасдиқи анҷомдиҳии бақайдгирии давлатӣ мутобиқи моддаи 38 – уми қонуни мазкур бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

Хирадандешӣ камоли инсонист

Нашрияи «Народная газета» оид ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, иштироки Пешвои миллат дар саммити нахустини сарони давлатҳои «Чин – Осиёи Марказӣ», сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Турсунзода гузоришҳои муфассали расмӣ нашр карда, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик мақолаҳои муаллифӣ пешкаши хонандагон намудааст.

Ҳамчунин дар шумораи мазкури нашрия мусоҳибаи Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон чоп шуда, аз идомаи навсозии роҳи мошингарди «Қалаихумб-Рӯшон» мақола пешкаши хонандагон шудааст.

Шумораи навбатии нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари нашри хабару гузоришҳои расмӣ оид ба сафарҳои давлативу корӣ ва мулоқотҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои хориҷӣ, ҳамчунин бо сарлавҳаҳои: «Паёмҳои Президент – такмилбахшандаи қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм», «Насли фардои замон», «Хирадандешӣ камоли инсонист», «Ватанро дӯст дору бинвоз, то фарзанди азизи он бошӣ»  мақолаҳои ҷолибро пешниҳод кардааст, ки бешак ба хонандагони нашрия писанд меоянд.

Ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон

Дар саҳифаи аввали шумораи навбатии «Омӯзгор» Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи ҷавонон таҳти унвони «Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст» бознашр шудааст. Дар саҳифаҳои дигари нашрия оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм, аз ҷумла вохўриҳои вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо кормандони соҳаи маорифи шаҳри  Кӯлоб, мулоқоти вазир бо Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо,  бо кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар чоп шуда, мақолаҳои мавзӯӣ «Аз сумка то флешка», «Хусусиятҳои равонии кӯдакони нобино», «Нахустмарҳилаи тарбия» пешкаши хонандагони нашрия шудааст.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» оид ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонон, инчунин баргузор шудани Дави миллӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат хабару гузоришҳо нашр кардааст.

Мақолаҳои «Ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон. Дастоварде, ки Истиқлол ба ҷавонон дод», «Қавлу амал», «Истеъфои сарвазир ва ояндаи норавшан», «Кӯдакон ва пул» дар мавзӯъҳои муҳим навишта шуда, ба мухлисони нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» писанд хоҳад омад.

Акрами САНГ,
АМИТ «Ховар»

Май 25, 2023 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд