Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5366 гектар картошка кишт менамоянд
ЛАХШ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияи Лахш кишти картошка бомаром идома дошта, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 1780 гектар ва дар заминҳои наздиҳавлигию ёрирасон зиёда аз 1500 гектар картошка, 1126 гектар ғаладонаи тирамоҳию баҳорӣ, 47 гектар зироати техникӣ, 46 гектар сабзавот кишт шудааст. Инчунин 15,5 гектар боғи нав бунёд гардида, 8 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд мудири шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш Нусратулло Латипов иттилоъ дод.
Кишоварзони ноҳияи Лахш мақсад доранд, ки соли 2023 аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, дар майдони 5366 гектар картошка кишт намоянд.
Дар ноҳия 1806 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, ҳоло корҳои саҳроӣ, аз ҷумла шудгор, кишти ғалла дар заминҳои лалмӣ, кишти картошка, шинондани ниҳолҳо ва бунёд намудани боғҳо бомаром идома дорад. Мувофиқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш, ки дар мувофиқа бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бе назардошти заминҳои президентӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ имсол дар майдони 3200 гектар картошка, дар 1126 гектар ғалладонагӣ, дар 40 гектар зироати техникӣ ва дар 70 гектар сабзавот кишт карда мешавад.
Тибқи иттилои раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Лахш Суҳбатулло Саидаминзода, имсол дар ноҳия дар майдони 1027 гектар замини президентӣ ва 1139 гектар қитъаҳои наздиҳавлигие, ки бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд, картошка кишт мешавад.
Роҳбари идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Лахш Сорбон Пиров гуфт, ки дар ноҳия 6 канал бо дарозии 94 км мавҷуд аст. Барои таъмини 4488 гектар замини корам бо оби полезӣ ҳанӯз аз тирамоҳи соли 2022 корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти обрасонӣ дар каналҳои Ғулама, Пиёзӣ, Ҷонқирғиз, Сартало ва Ҷилондӣ тариқи ҳашари дастҷамъона ва техникаҳо оғоз шуда буд. Хушбахтона, соли 2023 бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораи беҳдошти замини ноҳияи Лахш як экскаватори навъи Хундай ворид карда шуд. Бо ин техникаи нав каналҳое, ки тоза карданашон мушкил буд, сари вақт аз хоку қум тоза карда шуда, картошкапарварони ноҳия сари вақт бо оби полезӣ таъмин мегарданд.
Сокинони ноҳияи Лахш имсол захираи пурраи тухмии картошка доранд. Танҳо дар сохтори кишоварзӣ 14 ҳазору 350 тонна картошкаи хушсифати тухмӣ захира шуда буд, ки дар айни замон аз он кишт намуда истодаанд.
Масъулини шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш иттилоъ доданд, ки мувофиқи боду ҳавои минтақа 60 фоизи кишоварзон картошкаи маҳаллии навъи “Тоҷикистон-24” ва 20 фоизи дигар картошкаи навъи “Сурхоб” мекоранд. Дар заминҳои боқимондаи кишоварзӣ навъҳои гуногуни воридотӣ- “Пикасо”, “Манифей” ва дигар намуди тухмиҳо барои таҷриба ва санҷиш кишт карда мешаванд. Ҳамчунин бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ 155 тонна тухмии картошка, 750 кг тухми юнучқа ва 500 кг тухмии зағер ба ноҳия ворид гардида, сари вақт ба деҳқонон дастрас карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Лахш 4488 гектар замини корами обӣ ва 1802 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд аст, ки ҳамаи ин заминҳо дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода бурда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






