«Соро компания» ва «Истиқлол» барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 — «Super Cup Formula55» оид ба футзал мубориза мебаранд

Май 11, 2023 16:40

ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 май  дар  шаҳри Душанбе бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон-2023 — «Super Cup Formula55» оид ба футзал баргузор мешавад. Дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» беҳтарин будани худро муйян менамоянд. Бозӣ дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон (Автодром) баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «Formula55» хабар доданд.

Бояд гуфт, ки «Соро компания» барандаи феълии Суперлигаи Тоҷикистон ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон буда, бо барандаи медали нуқраи чемпионат — «Истиқлол» рақобат мекунад. Мухлисонро бозии зебо ва ҷолиб интизор аст, зеро дастаҳо барои «Super Cup Formula55» -2023 мубориза мебаранд.

Ширкати «Formula55», ки сарпарасти Суперҷоми Тоҷикистон-2023 мебошад, дар ин мусобиқа смартфон ва дигар туҳфаҳои брендиро тавассути лотереяи бурднок ба мухлисон пешниҳод менамояд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш «Formula55» бо дастаи футзали «Пойтахт» шартномаи сарпарастӣ ба имзо расонид. Ширкати  «Formula55» дар тамоми фаъолияти худ мунтазам чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, варзишгарон, инчунин клубҳо ва федератсияҳои варзишии мамлакатро фаъолона дастгирӣ менамояд.

АКС: ширкати «Formula55»

Май 11, 2023 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд