ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Хоруғ масъалаи идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ гардид

Май 8, 2023 13:40

ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев таҳти унвони «Идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи он дар алоқамандӣ бо тағйирёбии иқлим» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи номбурда хабар доданд.

Дар конфронс оид ба мушкилоти глобалии идоракунии захираҳои об дар ҷаҳони муосир ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим вобаста ба обу пиряҳо андешаҳо иброз гардида, таъкид карда шуд, ки бо заҳматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли масоили об дар миқёси ҷаҳон эътироф гардидааст.

Гуфта шуд, ки масъалаи дар конфронс баррасишуда мубрам буда, ҷиҳати гузаронидани таҳқиқоти васеъ заминаи мусоид мегузорад. Дар баробари чор ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон ташаббуси навбатӣ ва саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, соли 2025 Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид.


Ин рӯйдоди таърихӣ моро водор менамояд, ки дар самти пиряхшиносӣ ва ҳифзи он  корҳои илмӣ-пажӯҳиширо равнақ диҳем ва тарафҳои идеологии ин ташаббусро ба ҷавонон ва аҳли ҷомеа омӯзонем.

Дар ҷараёни конфронс олимону омӯзгорони донишгоҳ доир ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим,  роҳҳои идоракунӣ ва истифодаи сарватҳои табиӣ, самаранок истифода намудани захираҳои об, хатарҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли он маъруза карданд.

        АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Май 8, 2023 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд