Тоҷикистон макони баргузории бозиҳои яке аз гурӯҳҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё давлатҳоеро, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футбол байни дастаҳои олимпии то 23-соларо мизбонӣ мекунанд, эълон кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Конфедератсияи футболи Осиё 11 давлат – Тоҷикистон, Узбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Таиланд ва Ветнамро барои мизбонии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) интихоб кардааст.
Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-сола аз 4 то 12 сентябри соли 2023 баргузор мегарданд.
Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола 25 май дар қароргоҳи КФО, воқеъ дар Куала-Лумпур баргузор мешавад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 44 даста ба ёздаҳ гурӯҳ тақсим мешавад. Ғолибони гурӯҳ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюмро ишғолкарда ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






