ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН: МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Як сафари давлатӣ бо натиҷаҳои бузурги иқтисодӣ-тиҷоратӣ
ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 майи соли 2023 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Ин сафари давлатӣ дар таърихи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон ниҳоят муҳим ва самарабахш ба ҳисоб меравад. Даъвати ҷониби Қазоқистон аз Сарвари давлати Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба ин кишвари бузурги минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи зиёд ба рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок ва нишони возеҳи эҳтирому эътимоди ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳамчун шарики муҳими тиҷоратию иқтисодӣ мебошад.
Самимияту эҳтироми мардуми қазоқ ва роҳбарияти ин давлати бузург ба мардуми тоҷику Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ҳангоми фуруд омадани тайёра дар Фурудгоҳи байналмилалии Остона ба номи Нурсултон Назарбоев эҳсос гардид. Ба истиқболи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми хосу самимӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба фурудгоҳ омаданд ва Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти зиёд истиқбол гирифтанд. Фурудгоҳ ва кӯчаҳои марказию асосии шаҳри Остона бо парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон ва аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оро ёфта буд.
Рӯзи нахустини сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон бо суҳбату вохӯриҳои хоссаи Сарвари давлати Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев анҷом ёфт.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми соҳибкорӣ ва ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид, ки шарҳи пурраи он дар поён оварда мешавад.
Рӯзи дуюми сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз маросими гулчанбаргузорӣ бар пояи ёдгории «Муҳофизони Ватан» оғоз гардида, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотираи қаҳрамонони халқи қазоқ ва шаҳидони роҳи озодии ин кишвар дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонро гиромӣ доштанд.Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи 4 майи соли 2023 дар қасри «Оқ-Орда» дар шаҳри Остона- пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом- Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони маросими истиқболи расмӣ парчамҳои давлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон парафшонӣ намуда, горди миллӣ ва оркестри фахрӣ саф кашида буд.
Боз ҳам бо самимияти зиёд ва бо нишони таваҷҷуҳу эҳтироми беандоза Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев самимона пешвоз гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи шоҳсуфаи фахрӣ ҷой гирифтанд ва сурдҳои миллии ду давлат садо дод.
Садои суруди миллии Тоҷикистон дар толори асосии Қасри «Оқ-Орда» ниҳоят руҳнавозу шодиовар буд ва аз оғози боз як таҳаввулоти бузург дар муносибатҳои ду халқи дӯсту бародар ва ду давлати шарики муҳиму ҳамкор башорат медод.
Суҳбату вохӯриҳои самимии Сарони давлатҳо дар сатҳи баланд ва олӣ доир гардид. Ҷонибҳо зимни мулоқоту музокирот бо иштироки доираи васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қазоқистон маҷмуи васеи масоили ҳамкории байнидавлатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, фарҳангу иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, варзишу сайёҳӣ, рушди ҳамкорӣ ва шарикию тиҷорати байни минтақаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ду давлатро ба таври муфассал баррасӣ намуданд.
Қадршиносии хизматҳои бузург ва таваҷҷуҳи зиёд дар густариши ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон
Лаҳзаи аз ҳама муҳим ва фараҳафзои сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон — ин сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон- Ордени «Алтин Қиран» (Шоҳини тиллоӣ) мебошад. Бо ин нишони олии давлатии Қазоқистон сарфароз гардонидани Пешвои миллати тоҷик бори дигар исбот намуд, ки Президенти Тоҷикистон дар баробари хизматҳои бузургу бемисл дар таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик, бунёди давлати навини тоҷикон ва таъмини рушду пешрафти рӯзафзуни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, бо ташаббусҳои байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳони муосир ва башарият, таҳкиму тарғиби амнияту оромӣ дар сайёра ва густариши муносибатҳои байни давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нақши бузургу бемисл доранд ва сазовори ҳама гуна мукофоту ҷоизаҳои давлатию ҷаҳонӣ мебошанд.
Аз давраи таъсиси мукофоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон — Ордени «Алтин Қиран» (Шоҳини тиллоӣ) то ба имрӯз 21 нафар аз шахсиятҳои маъруф ва чеҳраҳои намоёну шинохтаи олами сиёсат бо он сарфароз гардонда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим -Жомарт Токаев дар маросими тақдими орден ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки мукофоти давлатии Қазоқистон ба Пешвои умумимиллии халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти хизматҳои бузургу барҷаста ва сиёсати дурандешона, ки ба рушди бемайлони Тоҷикистон ва некуаҳволии мардуми он мусоидат намудааст, тақдим карда мешавад.
Сарвари давлати Қазоқистон аз нақши Президенти Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон ёдовар шуда, ба он баҳои баланд доданд ва таъкид намуданд, ки “мо дар ҳама сатҳҳо ҳамеша муколамаи наздик ва эътимодбахши сиёсии байнидавлатиро нигоҳ дошта, дар чаҳорчӯби муҳимтарин сохторҳои байналмилалӣ ҳамкории пурсамар дорем ва дар таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба дар Осиёи Марказӣ саҳми муштарак мегузорем. Хурсандиовар аст, ки имрӯз робитаҳои байнидавлатии Қазоқистон ва Тоҷикистон ба дараҷаи ҳамкории иттифоқӣ расида истодааст. Ин ба шарофати иштироки фаъолонаи Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди муносибатҳои намунавии байни ду давлат имконпазир гардидааст”.
Дар навбати худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тақдими ордени давлатии Қазоқистон изҳор доштанд, ки ”ман ин ҷоизаро, пеш аз ҳама, қадршиносӣ ва баҳои баланд ба саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон медонам. Итминон дорам, ки мо минбаъд низ барои тавсеаи амиқ ва ҳамаҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба нафъи халқҳоямон саъю кӯшиши пайваста ба харҷ хоҳем дод”.
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ-дигаргунии куллӣ дар муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон
Дар идомаи сафарии давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳузури Сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ:
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ оид ба молҳо ва воситаҳои нақлиёти байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон интиқолшаванда;
— Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи саноати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023 – 2025;
— Нақшаи ҳамкории мутақобила байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи саноат ва инноватсия барои солҳои 2023 – 2024;
— Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023 – 2025 ба имзо расид, ки асосан тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои молия, саноат, гумрук, содирот, сайёҳӣ, тадқиқоти стратегӣ ва робитаҳои ҳамкорию бародарӣ байни минтақаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро фаро мегиранд.
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев ба Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон имзо намуданд. Ин эъломия дар давраи татбиқ муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистонро ба сатҳи баланд расонида, ба шарикони воқеии стратегӣ табдил медиҳад.
Ҳамчунин дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати индустрия ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум «Дар бораи рушди байналмилалии нақлиёти заминӣ», байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум дар соҳаи саноат, байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум дар соҳаи рушди инноватсия, байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «КазТрейд»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Консепсия оид ба таъсиси Корхонаи муштараки «ТАҶ КАЗ ТРЕЙД», байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкорӣ, байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Ҷамъияти саҳомии ғайритиҷоратии «Телерадиокомплекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ва байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум дар бораи муносибатҳои бародарона ба имзо расид.
Иқтисод ва тиҷорат- дар меҳвари муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон
Бо боварӣ метавон гуфт, ки сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон воқеан дар таърихи муносибатҳои байнидавлатӣ сафари ниҳоят муҳим ва бобарор маҳсуб мешавад.
Дар доираи ин сафар дар Ҷумҳурии Қазоқистон маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар сатҳи вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон ва доираҳои тиҷоратию соҳибкории ду давлат баррасӣ гардида, дар маҷмуъ беш аз 60 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо шаҳри Остона ба маркази баҳамоии роҳбарият ва намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон ва доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ду давлат табдил ёфт. Зиёда аз 200 нафар аз шумори роҳбарият ва намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон ва доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ду давлат давоми ин рӯзҳо дар Форуми соҳибкорӣ, ҷаласаи сеюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон иштирок намуда, вохӯрию машварат намуданд ва санадҳои нави ҳамкорӣ имзо намуданд, ки барои татбиқи ин санадҳо ҷалби зиёда аз 2,6 миллиард доллари амрикоӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Дар ин чорабиниҳои муҳими дорои ҷанбаи тиҷоратию иқтисодӣ имконияту шароити сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, содирот, бунёди марказҳои логистикӣ ва марказҳои тақсимоти яклӯхт муаррифӣ гардида, ҷонибҳо барои бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо сармоягузории ҷониби Қазоқистон ба мувофиқа расиданд ва шартномаҳои дарозмуддат ба имзо расониданд, ки боварию эътимоди воқеии доираи соҳибкорӣ ва ширкатҳои тиҷоратии Қазоқистонро барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон собит менамояд. Тибқи мувофиқа, ҷонибҳо ҳамчунин дар соҳаҳои саноати кӯҳию металлургӣ низ шартномаҳои дарозмуддат имзо намуда, мубодилаи молии маҳсулот анҷом медиҳанд.
Дар доираи форуми соҳибкорӣ асосан ба иштирокчиён фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, содирот, логистикаю фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳар ду давлат дар шакли «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳар ду ҷониб доир гардид. Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчунин ҷаласаи сеюми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид, ки ҳадаф аз он баррасии вазъ ва дарёфти роҳу усулҳои наву самарабахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байнидавлатӣ буд.
Дар кори Шӯро доир ба афзалияти ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сайёҳӣ ва содироту логистика таклифу пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.
Натиҷагирӣ ва изҳороти муштараки матбуотӣ
Дар нишасти матбуотӣ, ки охирин чорабинии сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон буд, сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим –Жомарт Токаев бо изҳороти матбуотӣ баромад намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки мо ба сатҳи ҳамкории зичи то имрӯз бадастомадаи давлатҳоямон баҳои баланд медиҳем ва ҷонибдори онем, ки он дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ ба манфиати халқҳои бародарамон ҳаматарафа рушд ёфта, натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба таъмиқи минбаъдаи ҳамёрии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар тамоми самтҳои муайяншуда мусоидат хоҳад намуд.Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Тоҷикистон ҳамеша бозуи бародарона ва дастгирии доимии Қазоқистонро эҳсос мекунад ва мо барои ин аз давлати бародар миннатдор ҳастем».
Дар навбати дигар Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ва анҷом додани сафари давлатӣ ба Қазоқистон изҳори сипос намуда, ба раванди муоқоту музокирот ва имзои санадҳои нави ҳамкории байнидавлатӣ баҳои баланд доданд. Қосим-Жомарт Токаев, аз ҷумла изҳор намуданд, ки «рамзист, ки сафари Шумо дар соли ҷашни 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳоямон анҷом дода шуд. Давоми ин солҳо ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистон рушду густариши бештар пайдо намуда, дар руҳияи дӯстии чандинасра ва шарикии стратегӣ бемайлон таҳким бахшида мешавад. Ба шарофати муколамаи боэътимоди сиёсӣ ва фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҷонибҳо ҳамкории байнидавлатӣ ҳамсола фарогиртар гардида, мазмуни сифатан нав пайдо менамояд. Эъломияи муштараки байни Қазоқистон ва Тоҷикистон имзошуда ба манфиати кулли халкҳои мо комилан мувофиқ буда, майлу хоҳиши зиёди тарафҳоро барои боз ҳам наздиктар гардидан ифода мекунад.
Аз таърихи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шудаанд. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ мебошанд. Мардумони ду давлатро равобити бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, мепайванданд.
Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон моҳи июни соли 1993 кушода шуда, намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе аз моҳи январи соли 2001 ба фаъолият шуруъ кардааст.Хусусияти хоси муносибатҳои муосири Тоҷикистон ва Қазоқистон сатҳи баланди эътимоди мутақобил, якдигарфаҳмӣ наздикии мавқеъҳо дар мавриди аксари масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Санадҳои байнидавлатии ҳамкорӣ, аз ҷумла соҳаҳо ва самтҳои муҳими сиёсӣ, иқтисод, молия, саноат, сармоягузорӣ, андоз, бонкдорӣ, гумрук, фарҳанг, маориф, варзиш, сайёҳӣ, инчунин соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро фаро мегиранд. Сатҳи баланди муносибатҳоро заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ, аз ҷумла беш аз 100 санади ҳамкории байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад.
Ду давлат дар чаҳорчӯби сохторҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё муваффақона ҳамкорӣ ва мавқеи ҳамдигарро ҳамоҳанг менамоянд.
Вохӯриҳои мунтазами сарони давлатҳо рӯйдодҳои асосии рушди муносибатҳо ва таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ гардидааст.
Тоҷикистон ва Қазоқистон бо мақсади ҳалли самараноки масъалаҳои афзалиятнок ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба заминаи устувори тақвиятбахшандаи муносибатҳо- Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Фонди сармоягузории мустақими Қазоқистон ва Тоҷикистонро таъсис доданд.
Тақвияти бештари муносибатҳо асосан ба солҳои охир рост меояд. Аз ҷумла, 14 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари расмӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни ин сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 12 санади нав дар бораи ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳои дӯстӣ ва шарикӣ ба имзо расид.
Дар робита ба ин 19-20 майи соли 2021 нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин сафар сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки истеҳсолоти муштараки коркарди ашёи хомро то маҳсулоти ниҳоӣ дар заминаи корхонаҳои соҳавӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис диҳанд, инчунин омодагии худро барои баррасии тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи мошинсозӣ, саноат, роҳи оҳан, инфрасохтор ва дигар соҳаҳо баён карданд.
Бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳалли фаврии масъалаҳои мушкилот Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон амал мекунад.
Дар маҷмуъ, то имрӯз 16 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шудааст. Ҷаласаи охирини ин Комиссия 18 марти соли 2021 дар Душанбе доир гардид, ки дар кори он асосан масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, дар соҳаҳои сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, дар соҳаи энергетика, саноат, нақлиёт ва сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шуд.
Соли 2022 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Қазоқистон ба 1441,2 млн доллар баробар гардида, ҳиссаи он 192,2 фоизро ташкил намуд ва Қазоқистон дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷои 2-юм қарор дорад. Нишондиҳандаи гардиши молу маҳсулот байни ду давлат нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 262,6 млн. доллар ё 22,2 % афзоиш ёфтааст.
Содирот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон дар ин давра 483,9 млн долларро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123,8 млн доллар ё 34,3% афзоиш ёфтааст.
Воридот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 957,3 млн долларро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138,8 млн доллар ё 17% афзоиш ёфтааст.
Аз солҳои 2007-2021 ва 9 моҳи соли 2022 ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 593,0 млн доллари ИМА сармоя аз Ҷумҳурии Қазоқистон ҷалб карда шудааст, ки аз он 119,0 млн доллари ИМА сармоягузории мустақим ва 474,0 млн доллари ИМА сармоягузории дигарро ташкил медиҳад.
Самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон инҳоянд: саноати кӯҳӣ, металлургияи ранга, бахши мошинсозӣ, маҷмааи агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия.
Дар маҷмуъ, нишондиҳандаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон собит менамоянд, ки ҷонибҳо ба таҳкими робитаҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва таҳкими робитаҳои сиёсӣ ҳавасмандии зиёди манфиатбахш доранд.
Анҷоми сухан ва анҷоми сафари бобарору манфиатовари таърихӣ
Дар нимаи дуюми рӯзи 4 апрели соли 2023 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон анҷом ёфт. Дар фурудгоҳ фазою муҳит мисли рӯзи истиқболи расмӣ идонаю руҳнавоз буд. Омодагиҳо ба гусели меҳмони олиқадр. Боз ҳамон тантанаи истиқболи расмӣ ва боз ҳамон самимияту эҳтирому арҷгузорӣ. Барои гусели Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти давлати дӯсту бародари тоҷикон муҳтарам Қосим –Жомарт Токаев боз ба фурудгоҳ омаданд. Ду роҳбари давлат гарму самимӣ ва бо изҳори сипосу миннатдории ҳамдигар ҳарфи хушбошӣ гуфтанд. Ва пас аз чанд лаҳза тайёраи ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари давлатии бобарору манфиатбор аз Остона ба сӯйи Душанбе парвоз намуд.
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Душанбе-Остона-Душанбе
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»