Раванди татбиқи Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 июл дар шаҳри Минск таҳти раисии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, намояндаи ваколатдори доимии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳод баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа маърузаи Намояндаи доимии Тоҷикистон оид ба ҷараёни татбиқи Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод дар нимсолаи аввали соли равон пешниҳод гардид. Дар он роҷеъ ба фаъолият дар таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ва густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ, амниятӣ ва экологӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа доир ба масъалаҳои омодагӣ ба нишастҳои дарпешистодаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор анҷом дода шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






