Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 июл вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо Вазири сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Беларус Александр Студнев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сохтмонро баррасӣ намуда, ба татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди инфрасохтори муосир ва фароҳам овардани имконияти нав барои робитаҳои тиҷоратӣ ва башардӯстона равона шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи муносибатҳои стратегӣ изҳори омодагӣ намуда, ба рушди мунтазами ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Беларус итминон зоҳир карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус








Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд






