Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар бахши сайёҳӣ баррасӣ намуданд

Май 1, 2023 17:57

ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27-29 апрел намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар барномаҳои фарҳангӣ доир ба эълон кардани шаҳри Ардабил ба унвони пойтахти сайёҳии минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соли 2023 иштирок карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Намояндагони дипломатии Тоҷикистон дар доираи сафар бо вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон, раиси вилояти Ардабил ва шаҳрдори Ардабил мулоқот доир намуданд.

Зимни вохӯриҳо масоили марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо таъкид бар аҳаммияти муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва ҳамзабонии Тоҷикистон ва Эрон ҷонибҳо роҳандозии ҳамкорӣ байни ниҳодҳо ва ҷамъиятҳои сайёҳии ду ҷумҳуриро бо ҳадафи шинохти бештари имконоти сайёҳии якдигар муҳим арзёбӣ карданд.

Дар мулоқотҳо мизбонон ба таҷрибаи шаҳри Душанбе, ки соли 2021 нахустин пойтахти сайёҳии  минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ эълон гардида буд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2023 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд