ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Ба Маҷлиси намояндагон 65 планшет ва компютеру принтери муосир ворид гардид

Май 4, 2023 16:34

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати тақвият бахшидани раванди расидан ба «ҳукумати электронӣ» бо дастури роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар ва шаффоф намудани раванди муошират ва қабули дархостҳои шаҳрвандон имрӯз ба Маҷлиси намояндагон техникаву таҷҳизоти наву муосири коммуникатсионӣ, аз ҷумла 65 планшет ва компютеру принтери муосир ворид шуда, дастраси вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон  иттилоъ дод.

Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, нахуст соли 2003 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Он на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ аз нахустин чунин санади бунёдгузор дар ин самт маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин дар асоси ин стратегия бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004  Барномаи давлатии рушд ва ҷорӣ намудани технологияҳои итиилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008 Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва соли 2011 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои барномавиашон аз таҷрибаи давлатҳои мутараққии ҷаҳон ёдовар шуда, роҷеъ ба аҳамияти татбиқи технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми  худ ба Маҷлиси Олии мамлакат  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26 декабри соли 2018 чунин изҳор намуданд: «Бо назардошти равандҳои муосир мо бояд корро ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ вусъат бахшем».

Ёдовар мешавем, ки «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» 30 декабри соли 2011 бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, асосан  таҳияи барномаҳои электронии рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакатро фаро  мегирад. Дастрасии вакилон ба техникаву барномаҳои нави электронӣ ҷиҳати иртибот бо шаҳрвандон ва татбиқи барномаву қонунҳои рақамӣ василаи хуб аст.

Ҳукумати электронӣ низомест, ки барои ташкили муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, барои онҳо шароит фароҳам меоварад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд. Ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмати иттилоотӣ пешниҳод шуда, арзу шикоятҳои онҳо баррасӣ карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 4, 2023 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор гирифт
Дар Агентии «Тоҷикстандарт» вобаста ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ машварат баргузор шуд
Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи аъзои Ситоди вилоятӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калинингради Русия баррасӣ гардид
Вазъи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
Тоҷикистон тибқи уҳдадориҳои байналмилалии худ «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм»-ро амалӣ намудааст
Ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати рушди таҳсилоти олии касбӣ густариш меёбад
Намояндаи Тоҷикистон давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба Конфронси Душанбе даъват намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд
Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт ва тараққиёти байналмилалӣ