ҲУШДОРИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ: «Аз қаллобоне, ки аз номи ширкати «Газпром»-и Федератсияи Русия баромад мекунанд, эҳтиёт бошед»!
ДУШАНБЕ, 29.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони мамлакатро огоҳ менамояд, ки ба доми қаллобоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо рекламаи бардурӯғ аз номи ширкати ҶДММ «Газпром»-и Федератсияи Русия ҷиҳати ба даст овардани аз 10 то 20 фоиз фоида баромад мекунанд, бовар накунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре Прокуратураи генералӣ иттилоъ медиҳад, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ рекламаҳои бардурӯғ ва фиреби қаллобон зиёд ба мушоҳида расида, баъзе шаҳрвандон ба онҳо бовар карда, бо интиқоли маблағҳои калони пулӣ зарари моддӣ-иқтисодӣ дида истодаанд.
Чунончӣ, 5 ноябри соли 2022 шаҳрванд Расгелдиев А.Р. бо истифода аз телефони мобилияш дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо рекламаи бардурӯғ аз номи ширкати ҶДММ «Газпром»-и Федератсияи Русия ҷиҳати ба даст овардани аз 10 то 20 фоиз фоида барои харидорӣ намудани саҳмия ва иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ шинос шудааст. Номбурда ба ин рекламаи бардурӯғи қаллобон бовар карда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт тибқи шартҳои пешниҳоднамудаи шахсони номаълум ба тариқи маҷозӣ, ба воситаи барномаи иҷтимоии «Телеграм» аз моҳи ноябри соли 2022 то моҳи январи соли равон дар маҷмуъ 868 500 сомониро ба ҳамёни бонкии «Душанбе Сити» ба рақами +992771112524, ки ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Людмила ба қайд гирифта шудааст, интиқол додааст. Дар натиҷа шаҳрванд Расгелдиев А.Р. ба доми қаллобон афтида, ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ дидааст.
Ҳамзамон дар натиҷаи санҷиши прокурорӣ ва тибқи маълумоти бонкӣ маълум гардид, ки танҳо дар ин давра ба суратҳисоби бонкии мазкур зиёда аз 5,2 млн сомонӣ маблағи зиёд гузаронида шуда, дар гардиш қарор доштааст.
Прокуратураи генералӣ вобаста ба ҳолати мазкур оид ба содиршавии ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон 6 феврали соли равон бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи тобеият барои пешбурди тафтиши пешакӣ ба Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Инчунин бо мақсади пешгирии қаллобӣ дар асоси амри прокурорӣ истифодаи симкорти болозикр, ки ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Л. ба қайд гирифта шуда, ба рақами он дар бонки «Душанбе Сити» ҳамён ва суратҳисоб кушода шудааст, фавран қатъ карда шуд.
Мисоли дигари ба ин монанд ин аст, ки 9 феврали соли равон ба телефони мобилии шаҳрванд Собиров Ф.С. шахси номаълум занг зада, худро ҳамчун намояндаи ширкати ҶДММ «Газпром»-и Федератсияи Русия Абрамов Виктор муаррифӣ намуда, таклиф намудааст, ки барои ба даст овардани даромади муфт дар барномаи махсуси ширкати номбурда бо номи «Trading Platform» дар Интернет маълумоти шахсияшро ба қайд гирифта, ҳамаи шартҳои пешниҳоднамудаи барномаи мазкурро иҷро намояд. Дар ҳамин ҳол Собиров Ф.С. ба ин ваъдаҳои бардурӯғ бовар карда, бо мақсади гирифтани фоидаи муфт худро дар ин барнома ба қайд гирифта, тибқи шартҳои пешниҳодгардида, маълумоти шиносномавӣ, почтаи электронӣ ва рақами телефонашро ба қайд гузоштааст. Ӯ бо маслиҳати шахсони номаълум, ки гӯё корманди ширкати номбурда мебошанд, аз 16 то 30 марти соли 2023 ба суратҳисобҳои пешниҳоднамудаи қаллобон дар бонки «Душанбе Сити» ҷамъ ба маблағи 89 700 сомонӣ маблағ пардохт намудааст.
Шахсони номаълум бе хабардор кардани охирин ба номаш дар платформаи сармоягузории «Бинанс» дар Интернет аккаунт кушода, бо роҳи қаллобӣ маблағи пулии аз ӯ ба даст овардаро барои харидории криптавалютаҳо истифода бурда, ба ӯ ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд.
Прокуратураи генералӣ бо мақсади пешгирии содиршавии ин гуна ҷиноятҳои қаллобӣ аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ба чунин рекламаву барномаҳои бардурӯғи қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернетӣ бовар накарда, шарту талаби беасосу ғайриқонунии онҳоро оид ба додани маълумоти шахсӣ, бақайдгирӣ дар ҳар гуна барномаҳои интернетӣ ва пардохти маблағҳои пулӣ иҷро накарда, аз афтидан ба доми шахсони ҷиноятпеша эҳтиёткор бошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид






