ҲУШДОРИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ: «Аз қаллобоне, ки аз номи ширкати «Газпром»-и Федератсияи Русия баромад мекунанд, эҳтиёт бошед»!

Май 29, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 29.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳрвандони мамлакатро огоҳ  менамояд, ки ба доми қаллобоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо рекламаи бардурӯғ аз номи ширкати ҶДММ «Газпром»-и Федератсияи Русия ҷиҳати ба даст овардани аз 10 то 20 фоиз фоида баромад мекунанд, бовар накунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре Прокуратураи генералӣ иттилоъ медиҳад, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ рекламаҳои бардурӯғ ва фиреби қаллобон зиёд ба мушоҳида расида, баъзе шаҳрвандон ба онҳо бовар карда, бо интиқоли маблағҳои калони пулӣ зарари моддӣ-иқтисодӣ дида истодаанд.

Чунончӣ, 5 ноябри соли 2022 шаҳрванд Расгелдиев А.Р. бо истифода аз телефони мобилияш дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо рекламаи бардурӯғ аз номи ширкати ҶДММ «Газпром»-и Федератсияи Русия ҷиҳати ба даст овардани аз 10 то 20 фоиз фоида барои харидорӣ намудани саҳмия ва иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ шинос шудааст. Номбурда ба ин рекламаи бардурӯғи қаллобон бовар карда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт тибқи шартҳои пешниҳоднамудаи шахсони номаълум ба тариқи маҷозӣ, ба воситаи барномаи иҷтимоии «Телеграм» аз моҳи ноябри соли 2022  то  моҳи январи соли равон дар маҷмуъ 868 500 сомониро ба ҳамёни бонкии «Душанбе Сити» ба рақами +992771112524, ки  ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Людмила ба қайд гирифта шудааст, интиқол додааст.  Дар натиҷа шаҳрванд Расгелдиев А.Р. ба доми қаллобон афтида, ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ дидааст.

Ҳамзамон дар натиҷаи санҷиши прокурорӣ ва тибқи маълумоти бонкӣ маълум гардид, ки танҳо дар ин давра ба суратҳисоби бонкии мазкур зиёда аз 5,2  млн сомонӣ маблағи зиёд гузаронида шуда, дар гардиш қарор доштааст.

Прокуратураи генералӣ вобаста ба ҳолати мазкур оид ба содиршавии ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон 6 феврали соли равон бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи тобеият барои пешбурди тафтиши  пешакӣ ба Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Инчунин бо мақсади пешгирии қаллобӣ дар асоси амри прокурорӣ истифодаи симкорти болозикр, ки ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Л. ба қайд гирифта шуда, ба рақами он дар бонки «Душанбе Сити» ҳамён ва суратҳисоб кушода шудааст, фавран қатъ карда шуд.

Мисоли дигари ба ин монанд ин аст, ки 9 феврали соли равон ба телефони мобилии шаҳрванд Собиров Ф.С. шахси номаълум занг зада, худро ҳамчун намояндаи ширкати ҶДММ «Газпром»-и Федератсияи Русия Абрамов Виктор муаррифӣ намуда, таклиф  намудааст, ки  барои ба даст овардани даромади муфт дар барномаи махсуси ширкати номбурда бо номи «Trading Platform» дар Интернет маълумоти шахсияшро ба қайд гирифта, ҳамаи шартҳои пешниҳоднамудаи барномаи мазкурро иҷро  намояд. Дар ҳамин ҳол Собиров Ф.С. ба ин ваъдаҳои бардурӯғ бовар карда, бо мақсади гирифтани фоидаи муфт худро дар ин барнома ба қайд гирифта, тибқи шартҳои пешниҳодгардида, маълумоти шиносномавӣ, почтаи электронӣ ва рақами телефонашро ба қайд гузоштааст. Ӯ бо маслиҳати шахсони номаълум, ки гӯё корманди ширкати номбурда мебошанд, аз 16 то 30 марти соли 2023 ба суратҳисобҳои пешниҳоднамудаи қаллобон дар бонки «Душанбе Сити» ҷамъ ба маблағи 89 700 сомонӣ маблағ пардохт намудааст.

Шахсони номаълум бе хабардор кардани охирин ба номаш дар платформаи сармоягузории «Бинанс» дар Интернет аккаунт кушода, бо роҳи қаллобӣ маблағи пулии аз ӯ ба даст овардаро барои харидории криптавалютаҳо истифода бурда, ба ӯ ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд.

Прокуратураи генералӣ бо мақсади пешгирии содиршавии ин гуна ҷиноятҳои қаллобӣ аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ба чунин рекламаву барномаҳои бардурӯғи қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернетӣ бовар накарда, шарту талаби беасосу ғайриқонунии онҳоро оид ба додани маълумоти шахсӣ, бақайдгирӣ дар ҳар гуна барномаҳои интернетӣ ва пардохти маблағҳои пулӣ иҷро накарда, аз афтидан ба доми шахсони ҷиноятпеша эҳтиёткор бошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 29, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд
Дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ бар асари садамаи нақлиётӣ 11 нафар ба ҳалокат расид
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
ЧАРО ҲОЛАТҲОИ ҒАРҚШАВӢ КАМ НАМЕШАВАНД? Мутахассисон риояи қоидаҳои бехатариро омили асосии пешгирии ҳодисаҳои нохуш медонанд
Дар Вазорати мудофиа оид ба саҳми Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд