Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия барқия ирсол намуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев ҷиҳати холисона баррасӣ намудани ҳодисаҳо, ки дар онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари Хабаровски минтақаи Шарқи дури Русия ва шаҳри Москва лату кўб ва шиканҷа шудаанд, барқия ирсол намуд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат хабар доданд.
Дар барқия чунин омадааст: «Вобаста ба лату кӯб ва шиканҷа шудани беш аз сад нафар донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби дарёи Амур дар кишвари Хабаровски минтақаи Шарқи дури Русия ва дар бораи рейди мақомоти Русия ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Котелники дар канори Москва хоҳиш дорем ҷиҳати холисона баррасӣ намудани ҳодисаҳои мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани онҳо мусоидат намояд».
Тавре қаблан хабар додем, 24 май Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода вобаста ба ҳодисаи лату кӯби донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Комсомолски лаби Амури Русия фавран вокуниш нишон дода, ба ҳамкори русаш Татяна Москалкова дархост ирсол намуд.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 19 май мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти Федератсияи Русия донишҷӯёни мазкурро субҳ ҳангоми хоб буданашон рейд намуда, ба онҳо бераҳмона бархурд намуда онҳоро ба боздоштгоҳ бурдаанд.
Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Русия тафтишот идома дорад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






