Зиёда аз нисфи кӯлҳои ҷаҳон дар се даҳсолаи охир камоб шудаанд
ДУШАНБЕ, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи байналмилалии иқлимшиносон аксҳои моҳвораии ду ҳазор кӯли бузургтарини ҷаҳонро омӯхта, муайян кардаанд, ки ҳаҷми об дар беш аз нисфи ин обанборҳо дар муқоиса бо андозагириҳои аввалҳои солҳои 1990 — ум ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дафтари матбуоти Донишгоҳи амрикоии Колорадо хабар додааст.
«Мо ҳолати якчанд кӯли машҳури ҷаҳон, аз ҷумла чӣ гуна тағйир ёфтани баҳрҳои Каспий ва Арал дар Осиёи Миёна ва Солтон — Си дар ИМА-ро хуб медонем, аммо барои гирифтани маълумоти боэътимод дар бораи вазъи ҳамаи кӯлҳо арзёбии дақиқи ҳаҷм ва сатҳи об зарур аст. Мо як усуле таҳия кардем ва он имкон дод, ки чунин маълумотро тариқи аксҳои моҳвораӣ ба даст орем ва бори аввал бифаҳмем, ки кӯлҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ чӣ гуна тағйир меёбанд», — изҳор дошт профессори Донишгоҳи давлатии Колорадо дар Боулдер (ИМА) Балаҷи Раҷагопалан, ки суханони ӯро хадамоти матбуоти донишгоҳ овардааст.
Сатҳи об дар бисёр дарёҳо ва кӯлҳои Замин дар асри 20 дар натиҷаи индустрикунонии афзояндаи сайёра, афзоиши аҳолӣ, сохтмони шумораи зиёди иншооти гидротехникӣ, интенсификатсияи кишоварзӣ ва гармшавии глобалӣ ба таври назаррас тағйир ёфт. Мисоли равшани оқибатҳои ин тамоюлҳо тақдири баҳри Арал аст, ки дар тӯли ним асри охир дар натиҷаи фаъолияти инсонҳо тамоман камоб шудааст.
Профессор Раҷагопалан ва ҳамкорони ӯ ба он таваҷҷуҳ карданд, ки чӣ гуна омилҳои антропогенӣ ва гармшавии глобалӣ ба ҳолати дигар кӯлҳои бузурги ҷаҳон таъсир расонидаанд.
Барои ҳалли ин мушкилот олимон як алгоритми махсуси шабакаи нейронӣ таҳия кардаанд, ки имкон медиҳад ҳаҷми об дар кӯл, инчунин тибқи маълумоте, ки моҳвораҳои иқлимии CryoSat-2, Sentinel-3 ва дигар пармаҳои замин байни солҳои 1992 ва 2020 ҷамъоварӣ намудаанд, сатҳи онро чен кунанд.
Олимон бо истифода аз тасвирҳои ин моҳвораҳо чен карданд, ки чӣ гуна ҳаҷми об ва соҳили ду ҳазор кӯли калонтарини табиӣ, инчунин обанборҳои гуногуни сунъӣ ва дигар обанборҳо тағйир ёфтааст. Ин ҳисобҳо нишон доданд, ки талафоти калони ҳаҷми об на танҳо барои баҳри Арал ва баҳри Хазар, балки барои 53 фоизи кӯлҳои калони ҷаҳон хос аст. Ба ҳисоби миёна, бузургтарин кӯлҳои ҷаҳон давоми се даҳсолаи охир ҳамасола тақрибан 26 миллиард тонна обро аз даст додаанд.
Чунин талафот махсусан ба бисёр кӯлҳо ва обанборҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик, Финландия, Канада, Австралия, Бразилия, инчунин минтақаҳои аврупоии Русия, кӯли Байкал ва минтақаҳои шимолу шарқии Чин осеб расонид. Дар баробари ин дар баъзе минтақаҳои Осиёи Ҷанубию Шарқӣ ва Шарқи Дури Русия ҳаҷми кӯлҳо давоми се даҳсолаи охир на ин ки кам гардид, балки як қадар афзуд.
Тавре ки муҳаққиқон ишора менамоянд, сабаби асосии коҳиши ҳаҷм дар аксари кӯлҳо (44%) тағйирёбии сатҳи бориш ва ҷараёни дарёҳо мебошад, вале дар айни замон болоравии ҳарорат ва хушксолии зуд — зуд (31%), инчунин фаъолияти антропогенӣ (14%) дар ин равандҳо нақши муҳим бозидааст.
Ба шумораи кӯлҳои дар натиҷаи фаъолияти инсон талафёфта асосан баҳри Арал, баҳри Мурда, баҳри Солтон — Си ва кӯли Мар — Чикита дар Аргентина дохил мешавад.
Тавре профессор Раҷагопалан ва ҳамкоронаш изҳори умедворӣ кардаанд, ин маълумот ба идораҳои дахлдори тамоми кишварҳои ҷаҳон баҳри андешидани тадбирҳо оид ба ҳифзи одамон аз оқибатҳои обшавии кӯлҳо ва обанборҳо, инчунин пешгирӣ намудани ин равандҳо кумак хоҳад кард.
Намунаи муваффақи татбиқи чунин чораҳо, ба гуфтаи олимон, кӯли Севани Арманистон мебошад, ки ҳаҷми он аз аввали солҳои 2000 бо сабаби сарфаи об ва ҳифзи пурзӯри экосистемаҳои обанбор ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ«Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд






