23 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсил ба Ҷумҳурии Корея мераванд

Июнь 30, 2023 14:17

ДУШАНБЕ, 30.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии 23 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод карда шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни вохӯрии муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода бо хизматчиёни давлатӣ (довталабон барои таҳсил ва омӯзиши забони кореягӣ дар доираи барномаҳои «Fellowship for Korean Language training» ва «Dispatch of visiting professor» дар Ҷумҳурии Корея) иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хизмати давлатӣ.

Изҳор карда шуд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ кафолат дода шудааст. Дар ин замина ҳамкории байналмилалии густурдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос бо давлатҳои хориҷа ба таври дахлдор ба роҳ монда шудааст, ки ҳамасола хизматчиёни давлатӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар робита ба ин бо мақсади татбиқи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Корея дархостҳои Агентии хизмати давлатӣ ба мақомотҳои давлатӣ ҷиҳати пешниҳоди номзадҳо аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои омӯзиши забони кореягӣ дар доираи барномаҳои «Fellowship for Korean Language training» ва «Dispatch of visiting professor» ирсол карда шуд.

Ҳамзамон зимни мулоқот иброз гардид, ки барномаҳои мазкур барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардида, мувофиқи дархостҳои зикршудаи Вазорати корҳои хориҷӣ барои пешниҳод ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба барномаи «Fellowship for Korean Language training» портали http://apply.kf.or.kr аз 1 июл то 31 августи соли 2023 ва барои барномаи «Dispatch of visiting professor» портали http://apply.kf.or.kr аз 1 июл то 15 сентябри соли 2023 муҳлат пешбинӣ шудааст.

Номзадҳо метавонанд дар муҳлатҳои мазкур аз тариқи порталҳои дар боло ёдоваршуда ҳуҷҷатҳои лозимаро тартиб дода, ба ҷониби Корея пешниҳод намоянд. Ҳамчунин ҷониби Корея номзадҳои интихобшударо давоми нимсолаи дуюми соли 2023 муайян карда, онҳоро хабардор менамояд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 30, 2023 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд