Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Минск дар Конфронси III байналмилалии илмӣ-амалии «Фаъолияти тафтишотӣ: илм, маориф, амалия» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар Конфронси III байналмилалии илмӣ-амалии «Фаъолияти тафтишотӣ: илм, маориф, амалия» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои олӣ ва дигар ниҳодҳои давлатии Беларус, Узбекистон, Озарбойҷон ва Русия низ иштирок намуданд.
Иштирокчиён роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавиро дар самти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода, нақши конфронсро дар баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ назаррас арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Минск бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии робитаҳо байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Созишномаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ба имзо расонида шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки созишномаи мазкур барои таҳкими равобити байни ду мақомот дар ҳалли мушкилоти марбут ба коррупсияи фаромиллӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






