Ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷоиза супорида шуд
ДУШАНБЕ, 10.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 июн дар Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар маросим иброз гардид, ки соли 2023 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 8243 нафар хонандаи болаёқат фаъолона иштирок намуданд.
Натиҷаи иштироки онҳо бо дарёфти 2933 ҷойи ифтихорӣ (147 медали тилло, 573 медали нуқра ва 2213 медали биринҷӣ) ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд, ки ин нишондодҳо нисбат ба соли 2022 аз рӯи иштирок 1713 нафар (20,8 фоиз) ва дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ 200 адад (6,8 фоиз) зиёд мебошад.
Натиҷаи ҷамъбасти иштирок ва дастовардҳои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар ин мусобиқаҳо соли равон аз рӯи иштирок 1863 нафар ва дастовардҳо 395 ҷойи ифтихорӣ (27 медали тилло, 86 медали нуқра ва 282 медали биринҷӣ)-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 аз рӯи иштирок 536 нафар (29,0 фоиз) зиёд аст.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар соли 2023 дар муқоиса бо тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон, нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Исфара ва Спитамени вилояти Суғд, Данғара, Восеъ, Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор, мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, Литсей барои хонандагони болаёқат, Литсей №2 барои хонандагони болаёқат ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8,12,31 ва 56-и шаҳри Душанбе саҳми бештару назаррас нишон доданд.
Маросими ҷоизасупорӣ бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






