Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад

Октябрь 24, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон масъалаҳои марбут ба раванди навсозии варзишгоҳи марказии ноҳия, беҳтар намудани шароити машқу тамрин ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад.

Бо ин мақсад раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин бо ҳолати имрӯзаи  варзишгоҳи марказии ноҳия шинос  шуда, барои навсозии ин иншооти муҳими варзишӣ андешидани тадбирҳои саривақтиро муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки дар ҷаҳони муосир  варзишгоҳҳои замонавӣ дар рушди соҳаи варзиш, дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон, тарбияи ҷисмонии насли наврас ва тарғиби тарзи ҳаёти солим нақши муҳим доранд ва  таҷдиду навсозии инфрасохтори варзишӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Таъмиру таҷдид ва навсозии варзишгоҳи марказии ноҳия низ имкон фароҳам меоварад, ки ҳаракати варзишӣ густариш ёфта,  наврасону ҷавонон бештар ба тарзи ҳаёти солим ру овараданд ва   ба машқу тамрин машғул шавандд. Дар баробари ин варзишгоҳ баъди  таъмиру навсозӣ метавонад ба макони асосии баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангию фароғатии  сокинону меҳмонони ноҳия табдил дода шавад.

Дар баробари навсозӣ ва таъмиру таҷдиди иншооти варзишӣ дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат пайдо намудааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ёвон бунёди 10 иншооти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.

Татбиқи ин иқдом ба фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон, баланд бардоштани сатҳи фарогирии онҳо ба таҳсилоти томактабӣ ва заминагузорӣ ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 27 феврали соли 2026 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» тасдиқ гардид. То охири татбиқи барнома 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола ба таҳсилоти томактабӣ дар мамлакат бояд ба зиёда аз 50 фоиз расонида шавад.

Барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон, васеъ намудани дастрасии босифат ба ин зинаи таълиму тарбияи насли наврас ва такмили сатҳи тахассусии кадрҳои соҳа таҳия гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 24, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд