«БЕҲТАРИН МУТАХАССИСИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ДАР СОЛИ 2023». Корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар озмун дар номинаи хизматчии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ғолиб шуд

Июнь 14, 2023 15:14

ДУШАНБЕ, 14.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Тағоев ғолиби Озмуни байналмилалии  «Беҳтарин  мутахассиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023» дар номинаи  хизматчии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гардида, бо Дипломи дараҷаи 1, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома қадрдонӣ шуд.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад,  бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумихалқии Бобек» барои муайяннамоии беҳтарин мутахассисону кормандон байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Беҳтарин мутахассиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2023» аз рӯи 21 номина озмун баргузор гардида буд.

Дар ҷамъбасти озмун Парвиз Тағоев дар номинаи  хизматчии давлатӣ ва хизматчии ҳифзи ҳуқуқи озмуни мазкур  беҳтарин дониста шуд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2023 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик