Беш аз 90 нафар фарзандони кормандони соҳаи роҳу нақлиёт ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 90 нафар кӯдакону наврасон — фарзандони кормандони соҳаи нақлиёти мамлакат барои истироҳат дар таътили тобистона ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фиристода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад.
Тибқи шартномаҳои дуҷониба, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, ки ташкилу сафарбаркунии наврасонро ба лагерҳо бар дӯш дорад, дар мавсими имсола бо истироҳатгоҳҳои «Барқчиён»- и Вазорати энергетика ва зазираҳои оби ҷумҳурӣ, «20-солагии Истиқлолият»- и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва минтақаи фароғатии «Шоҳин»-и Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамкорӣ менамояд.
Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо барои кӯдакону наврасони аълохону лаёқатманд ва ятимону бепарасторон барои роҳхатҳо ба лагеру фароғатгоҳҳои бачагона маблағ ҷудо карда мешаванд, ки ҳаҷми он пайваста афзоиш меёбад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






