«CAFA Nations Cup-2023». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои навбатиро дар шаҳри Тошканд доир кард
ДУШАНБЕ, 07.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷамъомади тамринӣ мегузаронад. Даста таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 20 июни соли равон баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Давоми як ҳафта мешавад, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» омодагӣ мегирад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ду бозингари дигар – дарвозабони дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Шоҳрух Қиргизбоев ва ҳимоятгари дастаи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд Манучеҳр Сафаров шомил шуданд.
Ҳимоятгарон Ваҳдат Ханонов аз дастаи «Персеполис»-и Эрон ва Меҳрубон Каримов аз дастаи «Самгурали»-и Гурҷистон, инчунин нимҳимоятгарон Хусрав Тоиров аз дастаи «Шахтёр»-и Украина, Амирбек Ҷӯрабоев аз дастаи «Кедах»-и Малайзия ва Парвизҷон Умарбоев аз дастаи ЦСКА-1948-и Булғористон рӯзҳои наздик ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи 4-уми ҷамъомади таълимиву тамринии шаҳри Тошканд ҳимоятгари дастаи футболи «Нефтчӣ»-и Фарғона Зоир Ҷӯрабоев ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон пайваст.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт дар ихтиёри худ айни замон 19 бозингар дорад. Бозингарони боқимонда пас аз анҷоми бозиҳои бошгоҳҳои худ ба маҳалли ҷойгиршавии дастаи мунтахаби Тоҷикистон меоянд.
Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Узбекистон (17 июн) бозӣ мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






