«CAFA NATIONS CUP-2023». Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Узбекистон бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 17.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 июн дар Тошканд бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар чаҳоргонаи «А» баргузор мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бо тимҳои Туркманистон (1:1) ва Уммон (1:1) мусовӣ намуда буд, имрӯз бо садрнишини гурӯҳи «А» мунтахаби миллии Узбекистон бозӣ менамояд.
Мунтахаби Узбекистон аллакай роҳхати бозии ниҳоии «CAFA Nations Cup-2023»-ро соҳиб аст.
Бозии дастаҳои Узбекистон – Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и Тошканд баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мешавад.
«CAFA Nations Cup-2023»
Гурӯҳи «А». Даври 3
17 июн (шанбе)
Оғоз – соати 20:30
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






