«CAFA Nations Cup-2023». Мунтахаби миллии Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаи Туркманистон омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 10.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. То бозии аввали мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар гурӯҳи «А»-и Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 20 июн дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ҳамагӣ як рӯзи дигар боқӣ мондааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи мо таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт 9 июн дар майдони Академияи «Бунёдкор» тамрини навбатии худро гузаронд. Нимҳимоятгар Хусрав Тоиров, ки бо дастаи «Шахтёр» қаҳрамони Украина шуд, ба ҳайати мунтахаби миллӣ ба Тошканд омада, дар машқҳои бегоҳии даста иштирок намуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 10 июн баъди омадани нимҳимоятгари тими ССКА-1948-и София Парвизҷон Умарбоев ба маҳалли ҷойгиршавии даста комил мешавад.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Узбекистон (17 июн) бозӣ мекунад.
«CAFA Nations Cup-2023»
Гурӯҳи «А». Даври 1
11 июн (якшанбе)
Оғоз – соати 18:30
ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






