«CAFA Nations Cup-2023». Мунтахаби миллии Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаи Туркманистон омодагӣ мебинад

Июнь 10, 2023 16:20

ДУШАНБЕ, 10.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. То бозии аввали мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол  дар гурӯҳи «А»-и Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 20 июн дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ҳамагӣ як рӯзи дигар боқӣ мондааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи мо таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт 9 июн дар майдони Академияи «Бунёдкор» тамрини навбатии худро гузаронд. Нимҳимоятгар Хусрав Тоиров, ки бо дастаи «Шахтёр» қаҳрамони Украина шуд, ба ҳайати мунтахаби миллӣ  ба Тошканд омада, дар машқҳои бегоҳии даста иштирок намуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 10 июн баъди омадани нимҳимоятгари тими ССКА-1948-и София Парвизҷон Умарбоев ба маҳалли ҷойгиршавии даста комил мешавад.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Узбекистон (17 июн) бозӣ мекунад.

«CAFA Nations Cup-2023»

Гурӯҳи «А». Даври 1

11 июн (якшанбе)

Оғоз – соати 18:30

ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 10, 2023 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд