Дар ҷануби Покистон бар асари бархӯрди ду автобус 10 нафар ҳалок ва беш аз 40 нафар маҷрӯҳ шуданд

Июнь 26, 2023 15:45

ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбе дар ҳавзаи Навобшоҳи вилояти Синди ҷануби Покистон бар асари бархӯрди ду автобуси мусофирбар тақрибан 10 нафар ҳалок ва беш аз 40 нафар маҷруҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус хадамоти наҷотдиҳии маҳаллӣ хабар дод.

Садама дар минтақаи Даур ҳангоми ба самти муқобил ҳаракат намудани ду автобус рух додааст.

Наҷотдиҳандагон иттилоъ доданд, ки дар байни ҳалокшудагон занон ва кӯдакон низ ҳастанд.

Бино ба гузоришҳо, яке аз автобусҳо аз шаҳри Пешовар ба самти шаҳри бандарии Карочӣ ҳаракат менамуд. Автобуси дигар аз Карочӣ ба вилояти Панҷоб равона буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 26, 2023 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд