Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии илмӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – омили рушди ҷомеа» доир гардид

Июнь 24, 2023 13:21

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сулҳу ваҳдати тоҷикон собит  намуд, ки дар ҳалли ҳар гуна моҷаро, зиддиятҳои иҷтимоиву гурӯҳӣ ва қавмию миллӣ нақши шахсияти таърихӣ барҷаста аст. Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ тавонистанд, ки миллатро сарҷамъ намуда, онро аз парокандашавӣ наҷот бахшанд. Чунин изҳор дошт ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни баргузории чорабинии илмӣ – фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ.

Тавре дар Донишгоҳи миллӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, чорабинии илмӣ – фарҳангӣ  таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – омили рушди ҷомеа» бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, устодону кормандон ва меҳмонон баргузор гардид.

Роҳбарияти донишгоҳ изҳор дошт, ки Ваҳдати миллӣ ба кишварҳое марбут мебошад, ки дар он миллатҳои махталиф баҳри ояндаи босуботи мамлакат муташаккилона фаъолият доранд. «Раванди сулҳи тоҷикон воқеаи басо беназир ва омӯзанда аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он дар саросари ҷаҳон мавриди қабул ва омӯзиш қарор гирифтааст»,-  таъкид намуд Қобилҷон Хушвахтзода.


Дар чорабинӣ ҳамчунин аъзои  Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иштирок ва маъруза намуда, вобаста ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар пойдории Ваҳдати миллӣ ибрози андеша  намуданд.

Дар охир аз ҷониби Ансамбли  «Наврӯз»-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  барномаи ҳунарӣ пешниҳоди иштирокдорони ҷамъомад  гардонида шуд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Июнь 24, 2023 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид