Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сокинони пойтахт суҳбату вохӯриҳо доир гардид

Июнь 21, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 21.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар чор ноҳияи пойтахт — Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ мулоқоти кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, савдо, занон, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибон, ҷавонони фаъол ва иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иштирокчиён аз саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳ дар давраи ҳассосу нобасомониҳои мамлакат ёдовар шуда, корнамоиҳои ин абармарди дунёи сиёсатро намунаи олии давлатдорӣ ва сулҳи бамиёномадаро намунаи олии сулҳоварӣ барои ҷаҳониён номиданд.

Фаъолони ноҳияҳо низ аз хизматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ваҳдату ягонагӣ ва сулҳи деринтизор ёдовар шуда, муҳаббату самимияти хешро нисбат ба ин неъмати бебаҳо тавассути шеъру сухан иброз доштанд.

Гуфта шуд, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар низоми сиёсии ҷаҳон рӯйдоди воқеан беназир буда, барои кишварҳои зери сояи ҷангу низоъ қарордошта намуна ва мактаби омӯзиш барои ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути гуфтушунид ва мусолиҳа мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Июнь 21, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд