Дар Душанбе масъалаи рақамисозии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон баррасӣ шуд

Июнь 9, 2023 15:53

ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар ҳошияи Ҷаласаи 5-уми Машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал  мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Директори Дафтари зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ Виорел Гутсу баргузор гардид, ки зимни он масъалаи рақамисозии соҳаи кишоварзӣ муҳокима гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии мамлакат.

Виорел Гутсу изҳор намуд, ки дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, роҳбарияти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аз талаботу мушкилоти ҷойдошта дар Тоҷикистон огаҳӣ дошта,  барои кумаку ҳалли онҳо ҳавасманд мебошад.

Таъкид гардид, ки ҳоло Созмон  якҷоя бо шарикони рушд оид татбиқи барнома ва лоиҳаҳои муҳофизати растанӣ, қутоспарварӣ, таъмини хоҷагиҳои фермерӣ бо метеостансияҳои агрометерологӣ ва истифодаи он дар майдонҳои зироати афзалияти содиротӣ дошта, корбарӣ намуда истодааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои ҳамкории судманди минбаъда ибрози назар намуданд.

Инчунин Виорел Гутсу ҷониби Тоҷикистонро барои иштирок дар вохӯрии вазирони кишоварзӣ, ки аз 1 то 7 июли соли равон бо ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Рим баргузор мегардад, даъват намуд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 9, 2023 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад