Дар Хоруғ масъалаи тақвияти фаъолияти идеологӣ бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонун «Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон» баррасӣ гардид

Июнь 24, 2023 16:38

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён семенар — машварат баргузор гардид, ки дар он масъалаи тақвияти фаъолияти идеологӣ бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Дар ҷамъомад муовини Сарвазири мамлакат аз дастоварду пешравиҳои ҷумҳурӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ, ки маҳз таҳти сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд, ёдоварӣ намуд.

Таъкид гардид, ки дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин давра дар тамоми самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ рушд намуда, раванди бунёдкорию созандагӣ дар вилоят вусъати тоза пайдо намуд. Дар ин замина, тақвият бахшидани корҳои идеологӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон муҳим арзёбӣ карда шуд.


Ҳамзамон ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои идеологӣ дар байни ҷомеа, ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, пешвози арзандаи Ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҷараёни семинар-машварат дар масъалаи идеологӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои идеологӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими мавзуи мавриди назар изҳори андеша карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 24, 2023 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд