Дар музофоти Ҳайнани Чин бар асари боришоти шадид сатҳи баландтарини хатар эълон карда шуд
ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Саняи музофоти Ҳайнани Чин бар асари боришоти шадид сатҳи баландтарини хатар — «сурх» эълон карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» хабар медиҳад.
Тибқи изҳороти Раёсати маорифи Саня, рӯзи чоршанбе, 7 июн кӯдакистонҳо тамоми рӯз баста буданд ва мактабҳои ибтидоиву миёна то нисфирӯзӣ дарсҳоро муваққатан боздоштанд.
Хадамоти обуҳошиносии Саня рӯзи чоршанбе сатҳи хатарро дар робита ба боришоти шадид аз норанҷӣ то баландтарин сатҳи сурх боло бурд. Дар давоми чанд соат дар баъзе минтақаҳои шаҳр беш аз 156 миллиметр боришот ба амал омад.
Дар бораи ҳодисаҳо бар асари боришоти шадид дар шаҳри Саня иттилоъ нарасидааст.
Ёдовар мешавем, ки охири мохи майи соли 2023 дар музофоти Хенани Чин борони шадид ба амал омада, ба ҳосили гандум таъсир расонд.
Бино ба гузоришҳо, барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз ҷониби вазорати молия ва вазорати кишоварзӣ ва корҳои хоҷагидории Чин наздик ба 28 миллиону 210 ҳазор доллар ҷудо карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Чин низоми чорсатҳаи огоҳ намудании аҳолӣ аз офати табиӣ – «кабуд», «зард», «норанҷӣ» ва «сурх» — амал менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






