Дар музофоти Ҳайнани Чин бар асари боришоти шадид сатҳи баландтарини хатар эълон карда шуд

Июнь 8, 2023 12:55

ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Саняи музофоти Ҳайнани Чин бар асари боришоти шадид сатҳи баландтарини хатар — «сурх» эълон карда шуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» хабар медиҳад.

Тибқи изҳороти Раёсати маорифи Саня, рӯзи чоршанбе, 7 июн кӯдакистонҳо тамоми рӯз баста буданд ва мактабҳои ибтидоиву миёна то нисфирӯзӣ дарсҳоро муваққатан боздоштанд.

Хадамоти обуҳошиносии Саня рӯзи чоршанбе сатҳи хатарро дар робита ба боришоти шадид аз норанҷӣ то баландтарин сатҳи сурх боло бурд. Дар давоми чанд соат дар баъзе минтақаҳои шаҳр беш аз 156 миллиметр боришот ба амал омад.

Дар бораи ҳодисаҳо бар асари боришоти шадид дар шаҳри Саня иттилоъ нарасидааст.

Ёдовар мешавем, ки охири мохи майи соли 2023 дар музофоти Хенани Чин борони шадид ба амал омада, ба ҳосили гандум таъсир расонд.

Бино ба гузоришҳо, барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз ҷониби вазорати молия ва вазорати кишоварзӣ ва корҳои хоҷагидории Чин наздик ба 28 миллиону 210 ҳазор доллар ҷудо карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Чин низоми чорсатҳаи огоҳ намудании аҳолӣ аз офати табиӣ – «кабуд», «зард», «норанҷӣ» ва «сурх» — амал менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 8, 2023 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид