Дар натиҷаи боронҳои шадид баъзе қисматҳои шаҳри Анқара зери об монданд

Июнь 12, 2023 16:11

ДУШАНБЕ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боронҳои шадид, ки пас аз нисфирӯзии якшанбе дар шаҳри Анқара ба амал омад, баъзе қисматҳои шаҳр зери об монданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Trend» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус расонаҳои туркӣ хабар доданд.

Ошёнаҳои аввали биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои корӣ ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ низ зери об мондаанд.

Дар кӯчаҳои шаҳр чуқурии оби ҷамъшуда дар баъзе ҷойҳо ба 50 сантиметр мерасид.

Ба шумораи зиёди мошинҳо зарар расонида шудааст.

Дар рӯзҳои аввали ҳафтаи нав низ борон дар назар аст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 12, 2023 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид