Дар ноҳияи Восеъ 30 маркази саломатии деҳот таъмир гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2022 то инҷониб дар ноҳияи Восеъ 30 маркази саломатии деҳот аз таъмир бароварда шуда, дар 3-тои дигар сохтмон идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба идораи Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи мазкур.
Тавре роҳбари Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияи Восеъ Диловар Валиев иброз дошт, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурӣ Тоҷикистон марказу бунгоҳҳои саломатии деҳот, ки чандсолаҳо рўи таъмирро надида буданд, аз тармими асосӣ бароварда шуданд.
Таъмири марказҳои саломатӣ бо маблағгузории Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» ба роҳ монда шуда, соли гузашта аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 мошини ёрии таъҷилии замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозондашуда ва 8 яхдони нигоҳдории доруворӣ ба шуъбаи ёрии таъҷилии маркази ноҳия дастрас гардид.
Соли гузашта бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша маркази саломатии ноҳиявӣ таъмири ҷорӣ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 41 маркази саломатии деҳотӣ, 27 бунгоҳи тиббӣ ва 1 маркази саломатии ноҳиявӣ фаъолияти босамар дорад. Дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия 1204 нафар табибону ҳамширагон ба 234 ҳазору 202 нафар аҳолии ноҳия хизматрасонии аввалияи тиббиро таъмин менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






