Дар шаҳри Гулистон Академияи футболи «Сомониён» ба фаъолият оғоз намуд
ГУЛИСТОН, 20.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби собиқ футболбози дастаи мунтахаби мамлакат ва сарбони ҳозираи дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев Академияи футболи «Сомониён» таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.
«Сомониён» бо чорабинии тантанавии идона дар варзишгоҳи марказии шаҳр ба фаъолият оғоз намуд. Дар кушодашавии он аъзои академия, мураббиён ва волидайн иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев изҳор дошт, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди варзиши рақами 1-и ҷаҳон – футбол тадбирҳои муассир андешида шудааст. Натиҷаи ҳамин тадбирҳо ва барномаву ҳадафҳо буд, ки тими мунтахаби мамлакат дар таърих аввалин маротиба ба Чемпионати Осиё, ки соли 2023 дар давлати арабии Қатар баргузор мегардад, роҳхат гирифт.
Дар шаҳри Гулистон ба рушди ин навъи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Натиҷаи ин таваҷҷуҳ аст, ки дастаи «Гулистон»-и шаҳри Гулистон дар Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ҳунарнамоӣ мекунад.
Волидайни таълимгирандагон ва сокинони шаҳр аз кушодашавии Академияи футболи «Сомониён» хушҳол буда, ба муассисони он изҳори сипос намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






