Дар шимолу шарқи Қазоқистон сӯхтори ҷангал бартараф гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе дар Қазоқистон дар паи татбиқи парвози мушоҳидавӣ ҳолати пурра бартараф гардидани сӯхтор дар минтақаи Абай эълон карда шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии байналмиллалии иттилоотӣ «Казинформ» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар додааст.
«То пурра бартараф гардидани сӯхтор дар маҳалҳои безараргардида пайваста об ва хок пошида мешавад», — омадааст дар гузориш.
Барои хомӯш кардани сӯхтор ҳудуди 1800 нафар, беш аз 350 техникаи Вазорати ҳолатҳои фавқулода, экология ва захираҳои табиӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Вазорати мудофиа ҷалб шудаанд.
Аз оғози сӯхтор бо чархболҳо 1858 маротиба пошидани об бо ҳаҷми беш аз 5400 тонна амалӣ карда шуд.
Дар натиҷаи хомӯш кардани сӯхтор 14 корманди хоҷагии ҷангал ба ҳалокат расиданд. Сӯхтор дар ҳудуди ҷангалзори Батпаев 8 июн оғоз ёфта, майдони умумии оташгирифта тақрибан 60 ҳазор гектарро ташкил дод.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Казинформ»








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






