Дар Тоҷикистон фаромадани сел ва ҳодисаҳои ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тайи шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон сел ба амал омада, бар асари ин офати табиӣ роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста шуд. Дар ин хусус Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
9 июн, соати 20:00 дар деҳаи Воғзи Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии барф дар километри 55-уми роҳи «Хоруғ-Ишкошим» сел ба амал омада, роҳи мазкурро баст.
«10 июн бо истифодаи техникаи махсус роҳ тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор гардид. Хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст», — тазаккур доданд дар кумита.
Дар қаламрави ҷумҳурӣ дар давоми як шабонарӯзи гузашта ду ҳодисаи нохуш дар обанборҳо ба қайд гирифта шудааст.
9 июн, тақрибан соати 13:20, сокини 31-солаи деҳаи Тутойи Ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Муъминобод бо сабабҳои номаълум дар дарёи Сурхоби деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ғарқ гардид. Дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади шаҳрванд пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.
Ҳодисаи дуюм дар шимоли мамлакат рух додааст. 9 июн, тақрибан соати 15:00, сокини 10-солаи деҳаи Оламтоби Ҷамоати «Исмоил»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳангоми шиноварӣ дар обанбори сунъии деҳа ғарқ шуд.
Ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷасадро аз об гирифта, ба мақомоти дахлдор супурданд.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои бехатариро риоя намуда, танҳо дар ҷойҳои махсуси муқарраршуда оббозӣ намоянд. Тавсия дода мешавад, ки дар танҳоӣ ва шабона оббозӣ накунанд. Аз волидон хоҳиш карда шудааст, ки кӯдаконро дар соҳилҳои обанборҳо беназорат нагузоранд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид






