Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир шуд

Июнь 25, 2023 11:58

ДУШАНБЕ, 25.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки роҳбарият ва кормандони ин ниҳод  ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш  доир  гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти мазкур.

Дар нишаст иброз  гардид, ки барои ҳифзи сулҳу субот,  ваҳдату ҳамбастагие, ки имрўз мо дар мамлакат дорему  он бо осонӣ ба даст наомадааст, ҳар яки мо вазифадор мебошем.

«Хурду бузурги сарзамин имрўзҳо бояд дар атрофи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  боз ҳам муттаҳид гашта, барои боз ҳам ободу пешрафта намудани мамлакатамон содиқона кору зиндагӣ намоем»,- гуфта шуд дар ҷамъомад.

Иштирокдорони ҳамоиш   баён доштанд, ки самари ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии мардуми шарафманди тоҷик аст, ки имрӯз ташаббусҳои Тоҷикистон, бахасус иқдомҳои Пешвои миллат  дар соҳаи обу иқлим  дар арсаи ҷаҳон дастгирӣ ва пуштибонӣ меёбанд. Мояи ифтихор аст, ки Пешвои тоҷикон барои таъмини ташнагон бо об дар сайёра талош меварзанд ва аз табори миллати инсондўст будани тоҷикро собит месозанд.

Таъкид гардид, ки дастоварҳои мо, зиндагии орому осуда ва рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ, пеш аз ҳама дар натиҷаи талошҳои хастанопазири фарзонафарзанде дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ба даст омадааст.

АКС: Хадамоти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2023 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик